Франсуа Виет

Аз testwiki
Jump to navigation Jump to search

Шаблон:Олим Франсуа́ Вие́т, сенйор де ля Биготиер (Шаблон:Lang-fr; Шаблон:ВД-Дебоча) — Шаблон:Риёзидони фаронсавӣ, асосгузори алгебраи рамзӣ.

Зиндагинома

Соли 1560 бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Пуатйеро хатм карда, чун адвокат ва сипас котиб ва омӯзгори хонагии хонадони дворяни машҳур — гугенот де Партеней буд. Чун устод ба омӯзиши амиқи астрономия ва тригонометрия шурӯъ намуда, sin nx ва cos nx-ро дар намуди бисёрузваҳои sin x ва cos x ифода кард. Соли 1571 ба Порис кӯчида, аввал мушовири парламент, сипас, мушовири махфии подшоҳони фаронсавӣ (аввал Генрихи III, сипас, Генрихи IV) буд. Калиди рамзиеро, ки испаниягиҳо дар вақти ҷанг бо Фаронса истифода мекарданд, ошкор кард ва ба туфайли ин дар давоми ду сол фаронсавиҳо бо тамоми нақша ва фитнаҳои дарбориёни испаниягӣ ошно гардиданд. Баъдтар шоҳи Испониё Филиппи II Ҳенрихи IV-ро барои сеҳру ҷоду ва дар хидмати ӯ будани шайтон муттаҳам сохт.

Асарҳои илмии Франсуа Виет дар бораи риёзиёт бо забони хеле душвор навишта шуда буданд, аз ин рӯ, дар замони вай маъмул нагардиданд. Асарҳои Франсуа Виетро пас аз марги вай Ф. Схоутен ҷамъ карда, Галиус, М. Мерсенн ва А. Андерсен дар Лейден бо номи «Opera Vietal» ба табъ расонданд (1646). Дар асарҳои Франсуа Виет алгебра ба илми умумӣ дар бораи муодилаҳои алгебравие табдил ёфт, ки асосашро ишоратҳои рамзӣ ташкил додаанд.

Фаъолияти илмӣ

Солҳои 1584-1588 баъди дасисабозиҳои дарбориён Франсуа Виет аз дарбор ронда шуда, ба омӯхтани риёзиёт шурӯъ кард. Соли 1591 Франсуа Виет ҳисоби ҳарфии нахустинро таҳия кард, ки дар он ишоратҳо на фақат барои номаълумҳо, балки барои зариби муодилаҳо низ мавҷуданд. Ба туфайли ин хусусиятҳои муодилаҳо ва решаҳои онҳо бо формулаҳои умумӣ ифода карда шуданд ва худи ифодаҳои алгебравӣ ба объектҳое табдил ёфтанд, ки бо онҳо амалҳоро иҷро кардан мумкин аст. Усули ягонаи ҳалли муодилаҳои дараҷаи 2, 3, 4 ва услуби нави ҳалли муодилаи кубиро таҳия, ҳалли тригонометрии муодилаи дараҷаи 3-ро дар мавриди ғайриодӣ ва табдилоти ратсионалии решаҳои гуногун пешниҳод кард, вобастагии байни решаҳо ва зарибҳои муодилаҳоро муқаррар намуд (формулаи Виет). Барои ҳалли тақрибии муодилаҳо бо зарибҳои рақамӣ усулеро пешниҳод кард, ки шабеҳи усули Нютон мебошад. Ифодаи саҳеҳи нахустинро барои π дар намуди ҳосили зарби беохир ҳисоб кард:

2π=1212+121212+1212+1212

Дар тригонометрия масъалаи муайян кардани тамоми унсурҳои секунҷаҳои ҳамвор ва куравиро аз рӯйи се унсури додашуда куллан ҳисоб кард. Донистани формулаи синусҳо ва косинусҳои камонҳои каратӣ ба Франсуа Виет имкон дод, ки муодилаи дараҷаи 45-умро, ки аз ҷониби математик А. Роомен пешниҳод шуда буд, ҳал намояд. Франсуа Виет исбот кард, ки ҳалли ин муодила аз тақсими кунҷ ба 45 қисми баробар иборат буда, 23 решаи мусбати ин муодила мавҷуд аст. Франсуа Виет масъалаи Аполлонийро бо ёрии паргор ва хаткашак ҳал кард. Соли 1579 «Қонуни математикӣ»-ро чоп кард, ки ҷадвали синусҳо, косинусҳо, тангенсҳо, котангенсҳо, секансҳо ва косекансҳоро дар бар мегирад.

Некдошт

Ба ифтихори Виет танӯраи тарафи намоёни Моҳ номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ

Шаблон:Эзоҳ

Адабиёт

Шаблон:ПБ