Аммоний

Аз testwiki
Jump to navigation Jump to search
Амсилаи катиони аммоний

Аммоний, NH+4 — иони яквалента, ки дар натиҷаи аз ҷуфти электрони тақсимнашудаи атоми нитроген ба молекулаи аммиак пайваст шудани протон+) ҳосил мешавад.

Дар таркиби бисёр пайвастҳо мавҷуд буда, вазифаи иони яквалентаро иҷро мекунад. Аммоний дар маҳлул мусбатзаряд аст, мac., гидрооксиди аммоний — NH4OH ва намакҳои он сулфати аммоний — (NH4)24, хлориди аммоний — NH4CI, нитрати аммоний — NH4NO3, карбонати аммоний — (NН4)23 ва ғ. Дар маҳлули обӣ намакҳои аммоний ҷудо шуда, катиони аммоний ҳосил мекунанд. Бисёр намакҳои аммоний моддаҳои кристаллии беранг буда, дар об нағз ҳал мешаванд; мавриди гарм кардан таҷзия шуда, NH3 ҷудо мекунанд. Вақти ба намакҳои аммоний таъсир намудани ишқор NH3 ҷудо мешавад. Реаксияи мазкурро барои ошкор намудани NH3 кор мефармоянд.

𝖭𝖧𝟦𝖢𝗅+𝖭𝖺𝖮𝖧𝖭𝖺𝖢𝗅+𝖭𝖧𝟥+𝖧𝟤𝖮

Намакҳои муҳимтарини аммоний намакҳои нитрат ва карбонати аммоний мебошанд. Онҳо чун нуриҳои нитрогендор истифода мешаванд.

Эзоҳ

Шаблон:Эзоҳ

Сарчашма


Шаблон:Chem-stub