Аммиакоб

Аз testwiki
Jump to navigation Jump to search

Шаблон:Моддаи кимиёӣ

Аммиакоб (гидрооксиди аммоний, спирти навшодир), NH4OH — маҳлули 18 — 25%-и аммиак.

𝖭𝖧𝟥+𝖧𝟤𝖮𝖭𝖧𝟥𝖧𝟤𝖮𝖭H𝟦++𝖮𝖧

Аммиакобро дар натиҷаи дар об ҳал намудани аммиаки синтезӣ ё аммиаки газҳои саноати коксохимия, ҳангоми коксонидани ангишт ҳосил мекунанд. Аммиакоби аз газҳои саноати коксохимия ҳосилшуда ба ғайр аз аммиак омехтаи гази карбонат (70 — 100 г/л), сулфиди гидроген (30 — 50 г/л), каме пайвастҳои сианидӣ низ дорад. Аммиакобро чун нурӣ пеш аз кишти баҳорӣ ва тирамоҳӣ, инчунин тирамоҳ бо мақсади ҳосили баҳорӣ мепошанд. Онро дар зарфҳои шишагини сиёҳ нигоҳ доштан лозим.

Корбурд

Аммиакобро барои истеҳсоли сода, дар саноати синтези пайвастҳои органикӣ, барои аммононии хӯроки чорво ва ғ. истифода мебаранд. Дар шаробкашӣ ба сифати ангезаи афзоиши моя, ҳангоми истеҳсоли херес, дар энохимия барои муайян кардани нитрогени аминӣ, калсий ва магний ба кор меравад.

Эзоҳ

Шаблон:Эзоҳ

Сарчашма


Шаблон:Chem-stub