Аммиакоб
Аммиакоб (гидрооксиди аммоний, спирти навшодир), NH4OH — маҳлули 18 — 25%-и аммиак.
Аммиакобро дар натиҷаи дар об ҳал намудани аммиаки синтезӣ ё аммиаки газҳои саноати коксохимия, ҳангоми коксонидани ангишт ҳосил мекунанд. Аммиакоби аз газҳои саноати коксохимия ҳосилшуда ба ғайр аз аммиак омехтаи гази карбонат (70 — 100 г/л), сулфиди гидроген (30 — 50 г/л), каме пайвастҳои сианидӣ низ дорад. Аммиакобро чун нурӣ пеш аз кишти баҳорӣ ва тирамоҳӣ, инчунин тирамоҳ бо мақсади ҳосили баҳорӣ мепошанд. Онро дар зарфҳои шишагини сиёҳ нигоҳ доштан лозим.
Корбурд
Аммиакобро барои истеҳсоли сода, дар саноати синтези пайвастҳои органикӣ, барои аммононии хӯроки чорво ва ғ. истифода мебаранд. Дар шаробкашӣ ба сифати ангезаи афзоиши моя, ҳангоми истеҳсоли херес, дар энохимия барои муайян кардани нитрогени аминӣ, калсий ва магний ба кор меравад.